Филми кӯтоҳи «Этюд» дар Фестивали 45-уми байналмилалии Гризлони Олмон иштирок мекунад

Апрель 21, 2022 13:30

ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Филми кӯтоҳи бадеии «Этюд»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки коргардони он Мумин Латифӣ мебошад, аз  21-24 апрел дар Фестивали 45-уми байналмилалии Гризлони шаҳри Слеби Олмон иштирок мекунад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» коргардони тоҷик Файзулло Файзов.

«Этюд» филми нахустини коргардон Мумин Латифӣ- хатмкардаи шуъбаи коргардонии Донишкадаи санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад.

Ин филм дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба навор гирифта шуда, давомнокияш 16 дақиқа мебошад. Филм дар жанри драмаи варзишӣ ба навор омадааст. Он дар бораи писаре нақл мекунад, ки дар оилаи навозанда таваллуд шуда, ба воя расидааст. Падару модараш мехоҳанд, ки ӯ ба мусиқӣ машғул шавад, аммо писарбача ба футбол таваҷҷуҳ дорад.

Ёдовар мешавем, ки филми мазкур дар  Фестивали 30-юми байналмилалии кушоди кишварҳои ИДМ ва Балтика «Киношок» дар шаҳри Анапаи Краснодари Русия ва  дар  Фестивали 12-уми байналмилалии филмҳои варзишии Барселона иштирок намудааст.

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Апрель 21, 2022 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид