ФУТБОЛ. Замони баргузории бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои даври чоруми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ 23-24 апрел дар варзишгоҳҳои мамлакат оғоз мешаванд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар даври мазкур дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод, «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода, «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Хатлон»-и шаҳри Бохтар вомехӯранд.
Хотиррасон мешавем, ки 16-17 апрел бозиҳои даври сеюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар пас аз натиҷагирии се даври бозиҳо дар садри ҷадвал қарор дорад. Ин даста бо роҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев дар ду бозӣ пирӯз шуда, як бозиро мусовӣ анҷом дода, аз 9 холи имконпазир ҳафт хол ба даст овард.
Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар даври сеюм бар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Ҳисобро Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 43 ба нафъи дастаи «Эсхата» кушод. Нуриддин Ҳамроқулов дар дақиқаи 69 ҳисобро баробар кард. Санҷар Рихсибоев дар дақиқаи 84 боз ҳам дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро ба пеш баровард. Вале Тони Бикатал дар дақиқаи 88 ва Парвиз Боқӣ-Охунов дар дақиқаи 90+1 ду гол зада, ғалабаи дастаии футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро таъмин карданд.
Дар бозиҳои дигар дастаҳои футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби мусовии 0:0 бозӣ карда, дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар меҳмонӣ бар дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад ва аввалин пирӯзиашро ҷашн гирифт. Дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод дар майдони худаш аз дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Чемпионати Тоҷикистон-2022
Лигаи олӣ. Даври 2-ум
8 апрел (ҷумъа)
«Эсхата» – «Файзканд» 1:3
Голҳои Оятулло Сафаров, Шавкати Ҳотам ва легионери узбек Амирҷон Сафаров пирӯзии аввалини дастаи «Файзканд»-ро дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон таъмин карданд. Ягона голи дастаи «Эсхата»-ро Санҷар Рихсибоев аз зарбаи 11-метра ба нишон расонид.
Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол-2022 миёни дастаҳои Лигаи олӣ
| Б | Ғ | М | Б | Т | Х | |||
| 1 | «Хатлон» (Бохтар) | 3 | 2 | 1 | 0 | 6-3 | 7 | |
| 2 | КМВА (Душанбе) | 2 | 2 | 0 | 0 | 3-0 | 6 | |
| 3 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 2 | 1 | 1 | 0 | 5-0 | 4 | |
| 4 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 3 | 1 | 1 | 1 | 3-1 | 4 | |
| 5 | «Файзканд» (Восеъ) | 3 | 1 | 1 | 1 | 3-6 | 4 | |
| 6 | «Равшан» (Кӯлоб) | 2 | 1 | 0 | 1 | 2-3 | 3 | |
| 7 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 3 | 1 | 0 | 2 | 4-6 | 3 | |
| 8 | «Регар-ТадАЗ» (Турсунзада) | 3 | 0 | 1 | 2 | 2-4 | 1 | |
| 9 | «Равшан» (Зафарабад) | 3 | 0 | 1 | 2 | 2-7 | 1 | |
| 10 | «Истиқлол» (Душанбе) | 0 | 0 | 0 | 0 | 0-0 | 0 | |
АКС: ФФТ








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ оид ба гимнастика баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд






