«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Бохтар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад

Апрель 22, 2022 11:14

ДУШАНБЕ, 22.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 10-11 июни соли равон бахшида ба 25-солагии Ваҳдати миллӣ Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» баргузор менамоянд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» роҳбари Маркази матбуот ва таҳлилии дастгоҳи КИМ ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён.

Конференсияи мазкур 10- 11 июни соли 2022 дар шаҳри Бохтар дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, чор бахши асосӣ — «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ», «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ» ва «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ»-ро дар бар мегирад.

Илҳомҷон Ҳамидиён афзуд, ки дар бахши «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ» мавзӯъҳои зерин баррасӣ мешаванд: «Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии ДемократииТоҷикистон: дастовардҳо, ташаббусҳо ва дурнамо», «Дастовардҳои сиёсию амалии Тоҷикистон дар 30 соли давраи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ», «Мактаби сулҳофарии Пешвои миллат: роҳу усулҳои мусолиматомез дар бартарафсозии низоҳои дохилӣ дар таҷриби Тоҷикистон», «Сиёсати идоракунӣ дар Тоҷикистон: ташаббусҳо дар роҳи рушди устувор», «Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: ҳолат ва дурнамо», «Таҳкими институти идоракунии деҳот дар мисоли мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ (кумитаи маҳалла/деҳот)», «Инноватсия дар идоракунӣ ва вазъи он ҷомеа», «Механизмҳои рушди иқтидори зеҳнии ҷомеа ва давлат: озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат”.Конференсияи мазкур бо мақсади таҳкими асосҳои илмию методӣ ва амалии фаъолият дар татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ-пойдевори сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин васила мусоидат намудан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат ва зиндагии шоистаи мардум баргузор мегардад. Ҷамъомад дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардида, мақолаҳои илмию таҳлилии ба он пешниҳодшуда дар Маҷаллаи илмию таҳлилии «Мактабисиёсии Пешвои миллат», ки шомили китобхонаи электронии ELIBRARY.RU/ РИНЦ мебошад, чоп гардида, ба ҳар як иштирокчӣ ё муаллиф ройгон дастрас карда мешавад.

Дар Конференсияи мазкур олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ ва шахсоне, ки ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд, метавонанд иштирок намоянд.Иштирок дар Конференсия тариқи пешниҳоди дархост то санаи муқарраршуда тасдиқ карда (ба қайд гирифта) мешавад.

Дар Конференсия ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар шакли мустақим ва ё фосилавӣ (онлайн) иштирок намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»/ҲХДТ

Апрель 22, 2022 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд