Мудири Агентии иттилоотии сайёҳии Арабистони Саудӣ бо гурӯҳи фаъолони шабакаҳои интернетии кишвараш ба Тоҷикистон меояд

Апрель 14, 2022 08:45

ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки моҳи майи соли равон  мудири Агентии иттилоотии сайёҳӣ, инчунин  гурӯҳи  фаъолони шабакаҳои интернетии Арабистони Саудӣ бо сафари корӣ ба Тоҷикистон меоянд. Ҳадаф аз ин сафар омӯзиш ва тарғиби зарфияти сайёҳии Тоҷикистон мебошад, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар робита ба ин зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар бахши сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот  ҳамзамон атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба ва иштироки намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Riyadh Travel Fair», ки моҳи майи имсол дар Арабистони  Саудӣ баргузор мегардад, табодули афкор сурат гирифт.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, ки дар заминаи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло  дар Тоҷикистон тамоми имконият дар самти рушди сайёҳӣ истифода мешаванд. Аз сӯи дигар, сиёсати дарҳои кушод имкон медиҳад, ки дилхоҳ сайёҳи хориҷӣ ба кишвари мо омада, бо Тоҷикистон- кишвари сарсабзу хуррам ва дорои тамаддуни бойи қадимӣ шинос шавад.

Дипломати Саудӣ ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ изҳор намуд.

 АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 14, 2022 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад