ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Апрель 28, 2022 08:10

ДУШАНБЕ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм,  рӯзона 8+13  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 25+30  дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12  дараҷа гарм,  рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22  дараҷа гарм, рӯзона 32+37 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+14 дараҷа гарм, рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14  дараҷа гарм,  рӯзона 23+28  дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 28, 2022 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд