«САЙЁРАИ МО-СОЛИМИИ МО». Пагоҳ дар Тоҷикистон ба аҳолӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад
ДУШАНБЕ, 06.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 7 апрел, бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон таҳти шиори «Сайёраи мо-солимии мо» чорабинии ҷумҳуриявӣ доир шуда, ба аҳолӣ хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад, ки дар он устодону профессорон ва мутахассисони баландпояи соҳавӣ иштирок мекунанд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе аз соати 8.00 то соати 14.00 дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (кӯчаи Маяковский 2, рӯ ба рӯи Сафорати Олмон дар Душанбе) хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад.
Ҳамчунин хизматрасонии мазкур дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардида, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд.
Дар ин рӯз устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ суҳбату машваратҳои тахассусӣ доир менамоянд.
Шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба ин муассиса ва муассисаи тандурустии макони зист дар сатҳи ҳар шаҳру ноҳия метавонанд бо машварат ва хизматрасониҳои ройгони мутахассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






