«СУҒД-2022». Дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо доир мегардад

Апрель 22, 2022 08:41

ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 июн дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» гузаронида мешавад. Дар ин бора корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Ярмаркаи VIII байналмилалии савдо «Суғд-2022» бо мақсади дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ соли ҳаштум аст, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил карда мешавад.

Дар доираи ин ярмаркаи  сатҳи минтақавӣ ҳамзамон гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонанд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Апрель 22, 2022 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард