ТАВАҶҶУҲ! Шурӯъ аз 1 май дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад

Апрель 30, 2022 10:59

ДУШАНБЕ, 30.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз пагоҳ, 1 май то 31 август дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 10:00 то 20:00 ҷорӣ мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар робита ба ин дар Филиали Ширкати мазкур санади дахлдор –«Дар бораи ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои мавсимии вазн ва сарборӣ ба тири меҳвари воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракати онҳо дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ барои соли 2022» ба тасвиб расид, ки ҳадафи он татбиқи бечунучарои шартномаи консессионии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД», инчунин, пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб мешавад.

Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

Дар ин замина, намояндагиҳои Филиали Ширкат дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд мувофиқи тартиби муқарраргардида ҷобаҷогузории аломатҳои дахлдори роҳро вобаста ба маҳдудиятҳои муқарраршуда, таъмин менамоянд.

Раёсати бехатарии филиали Ширкат ва шуъбаҳои бехатарӣ дар минтақаҳо вазифадор шудаанд, ки ҳамкориро бо кормандони БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, бо дарназардошти маҳдудияти муқарраршуда дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ва плазаҳои толлингӣ ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирии тамбашавии ҳаракати воситаҳои нақлиёт чораҳои дахлдор андешанд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи зарурат бо супориш ва дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, давомнокии маҳдудияти мавсимӣ тағйир дода мешавад. Ин омил, яъне тағйир додани реҷа ҳангоми аз 25 дараҷа паст гардидани ҳарорати рӯзонаи ҳаво низ пешбинӣ шудааст.

Бо дарназардошти муҳимият, талаботи зикршуда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба интиқоли чорво машғуланд ва автомобилҳои барои интиқоли борҳои тезвайроншаванда махсусгардонидашуда, ки ду тири меҳвари ягона дошта, вазни умумиашон на зиёда аз 10 тонна аст (категорияи 2 бе ядак), татбиқ намешавад.

Ба ибораи дигар, чунин намуди автомобилҳои боркаш дар мавсими ҷорӣ шудани маҳдудият метавонанд дар вақти дилхоҳ ҳаракат намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 30, 2022 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид