Ҷаласаи XVIII гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стандартҳои назорати давлатии молиявии мақомоти олии аудити давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел бо ибтикори Мақоми олии аудити Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи XVIII гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стандартҳои назорати давлатии молиявии (аудити) мақомоти олии аудити (МОА) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли маҷозӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар кори ҷаласа намояндагони ниҳодҳои олии назорати молиявии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Молдова, Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок намуда, дар мавзӯъҳои «Арзёбии таъсироти сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии давлатӣ», «Тартиби гузаронидани аудити маҷмуии ҳисоботи молиявӣ» маърӯза намуданд.
Дар ҷаласа аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати стандартҳо, таҳлил, рушд ва ҳамкории байналмилалӣ Валимат Мавлонзода ва мудири шуъбаи рушди ҳамкории байналмилалӣ Вероника Маҳмудова иштирок намуданд.
Дар ҷаласа табодули афкору дониш ва таҷриба сурат гирифта, ҳамзамон муҳокимаи масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти минбаъдаи гурӯҳи корӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаҳои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи стандартҳои назорати давлатии молиявии кишварҳои узви ИДМ тибқи ҷадвали тасдиқшуда мунтазам баргузор мешаванд.
АКС: Палатаи ҳисоби ҶТ








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






