Ҷаласаи якуми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи аввали 13 май дар шаҳри Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ҷаласаи якуми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа аъзои Комисия аз ҳарду ҷониб, инчунин кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев бо суханони ифтитоҳӣ баромад карданд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирокдорони ҷаласаи нахустини Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламентро шодбош гуфта, нақши онро дар самти рушду таҳкими ҳамкории судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон муҳим арзёбӣ карданд.
Баъди суханони ифтитоҳии роҳбарони ҳайатҳо маросими баимзорасонии «Харитаи роҳ» оид ба рушди ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент барои солҳои 2023-2024 доир гардид.

Сипас, ҷаласаи Комиссия таҳти раёсати ҳамраисони он — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Олга Перепечина идома ёфт.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, иштирокдорон масъалаҳоро оид ба тасдиқи дастури Комиссияи доимӣ, самтҳои асосии ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва сиёсати муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
АКС: Тоҳир САИДОВ/АМИТ «Ховар»








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






