Аз сабаби боронҳои шиддатнок дар Нуробод қариб 4 гектар заминҳои кишти сокинони ноҳия зери об монд
ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 10 май аз соати 12:50 то 13:00-и вақти маҳаллӣ дар қаламрави ноҳияи Нуробод борони шиддатнок борид, ки дар натиҷаи он сели азим бо лойқа сарозер шуда, қариб 4 гектар заминҳои кишти сокинони деҳаи Сари Қоши ноҳияро зери об намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ.
Ҳамчунин лойоба 800 метр канали обёрии «50-солагии Тоҷикистон»-ро, ки заминҳои хоҷагии Хумдонро обёрӣ мекард, фаро гирифт. Бар асари ин ҳодисаҳо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки 10 май бориши боронҳои шадид дар бархе аз манотиқи Тоҷикистон боиси ба амал омадани зуҳуроти селӣ гардид.
Акс: КҲФ ва МГ








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






