Ба кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон роҳҳои мубориза бо коррупсияро шарҳ доданд
ДУШАНБЕ, 19.05.20212 /АМИТ «Ховар»/. Муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ ва ҷалби аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Ин нукта зимни мулоқоти намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳайати шахсии дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук доир гардид, зикр шуд.
Дар вохӯрӣ сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаёмуддин Насрутдинзода ва сарнозири раёсат Алишер Носирӣ оид ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 — 2025» сухан гуфтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «бо дарназардошти он ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад, мо мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил додем. Албатта, муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешава».
Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Дар вохӯрӣ роҳҳои бартараф намудани сабаб ва шароити ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин моҳият ва ҳадафи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он шарҳ дода шуда, пешниҳод гардид, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори нақшаи чорабиниҳои он, пеш аз ҳама, вазорату идораҳо ва шахсони воқеию ҳуқукӣ бештар талош варзида, корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.
Зикр шуд, ки коррупсия дар замони муосир мушкилоти ҷаҳонӣ гардида, самаранокии мубориза бо коррупсия аз иштироки фаъолонаи ҳамаи намояндагони ҳокимият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар шаҳрванд вобастагӣ дорад.
Дар анҷом масъулини Агентӣ ба саволҳои кормандони мақомоти гумрук посух дода, зикр намуданд, ки тақвияти ҳамкории муштарак миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти гумрук барои пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуб заминаи мусоид фароҳам меоварад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






