Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 17.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 май вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ раванди татбиқ ва чорабиниҳои амалишудаи лоиҳаи мазкур давоми соли 2022 ва нақшаи кории марҳилаи навбатӣ барои то давраи анҷоми муҳлати он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Роҳбари ҳайати миссияи Бонки ҷаҳонӣ Ҷеймс Брайант Колиер аз раванди татбиқи лоиҳа изҳори ризоият намуда, гуфт, ки новобаста ба баъзе мушкилоти маблағгузорӣ кумита ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Раиси Кумита Б. Шерализода зимни баёни андеша оид ба беҳтар намудани натиҷаҳои лоиҳа ва самаранок истифода намудани маблағҳои пешбинишуда якчанд таклифу пешниҳодҳои мушаххас ироа намуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид






