«ДӮСТӢ — ТАВАССУТИ ФАРҲАНГ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи Ҳоҷатепеи шаҳри Анқара бо иштироки кормандони Сафорати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар Донишгоҳи Ҳоҷатепеи шаҳри Анқара чорабинии анъанавии ҳамасолаи «Дӯстӣ — тавассути фарҳанг» баргузор гардид. Дар он ҳайати кормандони Сафорат иштирок намуда, намунаҳои анъанаҳои фарҳангӣ, расму ойини миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба намоиш гузоштанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Манижа МАҚСУД.
Ҳамзамон дар ҳамоиш донишҷӯёни донишгоҳи мазкур, аъзои Шӯрои донишҷӯёни тоҷик, намояндагони мақомоти дахлдори Туркия, корпуси дипломатии муқими кишвар ва намояндагони ҷамъиятҳо иштирок намуданд.
Ба ҳозирин барномаи фарҳангӣ иборат аз рақсу суруду оҳангҳои миллии тоҷикӣ, туркӣ, афғонӣ, эронӣ ва дигар кишварҳо пешкаши гардид.
Баъд аз чорабинӣ кормандони сафорат бо донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Анқара таҳсил мекунанд, мулоқот намуданд.

Масъулин бо ишора ба таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон, хусусан донишҷӯён онҳоро ба хониши хубу аъло, гирифтани донишу малакаи баланд, аз худ кардани касбу ихтисосҳои барои кишвар муҳим ва риояи қонуну қоидаҳои кишвари иқомат даъват намуданд.
Кормандони Сафорат ба донишҷӯён иброз доштанд, ки ҳар яки мо бояд шукри Истиқлол, тинҷиву амонии кишвар ва сулҳу ваҳдати миллиро кунем ва таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду рифоҳи кишвар, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва саодати ҳар хонадон заҳмат кашем.
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






