Дар Бохтар гулгашт бо дастрасии Интернети ройгон ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар кӯчаи Айнӣ, 47-и шаҳри Бохтар Гулгашти ҳизбӣ бо дастрасии Интернети ройгон ифтитоҳ ёфт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон.
Гулгашти ҳизбӣ дар майдончаи сабзаву гулзори ҳудуди идораи КИ ҲХДТ воқеъ буда, дорои 5 адад нишастгоҳи замонавӣ мебошад, ки сокинон метавонанд дар баробари истироҳату фароғат шабонарӯзӣ аз хизматрасонии алоқаи интернетӣ истифода намоянд.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи мазкур дар доираи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ва ташаккули усулҳои хизматрасониҳои рақамӣ, рақамикунонии иқтисод ва рушди неруи инсонӣ амалӣ гардидааст.
Дар шароити рушди технологияҳои иттилоотӣ ва муқовимати устувор дар набардҳои иттилоотӣ, ҳамчунин ҳамқадамӣ ба ҷомеаи муосир ва пешравиҳои илму техника танҳо бо таҳия ва амалисозии ғояҳои нави замонавӣ ва ташаббусҳои созанда метавон ба пешравиҳо ноил гардид.
Ҳадафи дигари амалӣ сохтани ин тадбир, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоиди дастрасии ҷавонон, аз ҷумла, донишҷӯён ба Интернети ройгон арзёбӣ гардида, ҳамзамон таъмини имконияти бештари истироҳати бофароғат барои сокинони шаҳри Бохтар мебошад.
Ҳоло донишҷӯёну сокинони касбу кори гуногун дар баробари истироҳату фароғат дар ин гулгашт ҳамчунин аз хизматрасонии Интернети ройгон истифода менамоянд. Сокини шаҳри Бохтар Мақсуд Арабов иқдоми КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлонро ҷиҳати фароҳам овардани имконияти дастрасии сокинон ба алоқаи Интернети ройгон шоёни таҳсин мешуморад. Ба гуфтаи ӯ, «пайравии дигар идораву ташкилот баҳри фароҳам намудани ин гуна шароит барои сокинони шаҳр аз амалҳои беҳтарин ба ҳисоб рафта, ба ташаккули зеҳниву рушду пешрафти ҷавонон мусоидат менамояд».
Шоми имрӯз бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ин гулгашти навбунёд ҳамоиши идона бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода ва доираи васеи ҷавонону донишҷӯён ҳамоиши идона сурат гирифт.
АКС: КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон










Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






