Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва СММ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ имрӯз дар Душанбе дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Роҳбари Дафтари СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноғлу баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон татбиқи Ҳадафҳои рушди устуворро дар маҳал тавассути барномаҳои ташаббусҳои сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки раванди рушд арзёбӣ карда, барои амалисозии он ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Соли 2007 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳии СММ гардида, барои ворид шудани соҳаи сайёҳӣ ба бозори ҷаҳонии туристӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.
Чанде қабл дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили доир гардид, ки дар он масоили марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шоҳкориҳои табиии «Чилдухтарон» қалби ҳазорон нафар сайёҳони дохилию хориҷиро тасхир месозад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Хатлон беш аз 940 ёдгории таърихиву фарҳангӣ мавҷуд аст
Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Хатлон — сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» оғоз гардид
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
«САФЕДДАРА» — МАКОНЕ, КИ ҲАР САЙЁҲ ОРЗУИ ДУБОРА ДИДАНИ ОНРО ДОРАД! Иштирокдорони Конфронси чоруми оби Душанбе аз тамошои ин гӯшаи нотакрори Тоҷикистон эҳсоси хушҳолӣ намуданд
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
ЗЕБОИҲОИ НОТАКРОРИ ТАБИАТИ ДАРАИ СИЁМА. Он қалби иштирокдорони Конфронси чоруми сатҳи баланди оби Душанберо тасхир намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пагоҳ иштирокдорони Конфронси оби Душанбе бо иқтидори обӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон шинос мешаванд
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад






