Дар Душанбе масъалаи дунявият ва роҳҳои пешгирии сиёсисозии дин дар давлати миллӣ баррасӣ шуданд

Май 31, 2022 16:41

ДУШАНБЕ, 31.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Дунявият ва роҳҳои пешгирии сиёсисозии дин дар давлати миллӣ» бо иштироки коршиносон, устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа, донишҷӯён ва намояндагони дигар вазорату идораҳои дахлдор конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Директори Маркази исломшиносӣ Абдураҳим Холиқзода зарурати давлатдории дунявиро ҳамчун роҳи ягонаи халосӣ аз буҳрони динӣ-сиёсӣ дар ҷомеа таъкид намуда, изҳор дошт, ки бо пайдоиши гурӯҳҳои мухталифи динӣ-сиёсӣ шинохти ислом душвор гардидааст.

«Дар таърихи навини давлатдории мо кӯшишҳои сиёсисозии ислом ҷой доштанд ва он бо чӣ анҷомид, ҳама медонанд. Дар ҳар ҷомеа дин ҳаст, давлат ҳаст, ахлоқ ҳаст, сиёсат ҳаст- ҳамаи онҳо аз ҳам фарқ менамоянд. Мутаассифона, дар ҷомеа гурӯҳҳое ҳастанд, ки ҳамаи онҳоро омезиш медиҳанд. Дар ҷомеа афкору ақоид ва тафаккурҳои зиёд ташаккул меёбанд ва ҷавҳари дунявиятро эътирофи зарурати ҳаққи зиндагии онҳо ташкил менамояд. Дунявият ба онҳо озодӣ медиҳад, лекин дар доираи қонун. Имрӯз ҷомеаи мо бо роҳи давлатдории дунявӣ пеш меравад ва кафили он Конститутсия ва Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб мераванд. Зарур аст, ки ҳамаи мо масъулият дошта бошему дар рушди давлатдории дунявӣ саҳм гузорем»,-тазаккур дод А. Холиқзода.

Ба гуфти Директори маркази исломшиносӣ, «ҳоло дар замони муосир мушкилоте, ки дар ҷомеа рӯ мезананд, аз ифроту терроризм сар карда, то ҳама гуна ҳодисаҳои хатарнок, онҳоро хеле осону мавзун ба фарҳанг ва тамаддуни исломӣ бурда мерасонанд. Омилҳо хеле зиёданд, ки исломшиносии муосир исломро ҳамчун дин шинохта наметавонад. Он қадар исломро равияву таассуботу дидгоҳҳо ба тарафҳои гуногун кашидаанд, ки аз ҳамон эътиқоду имону ахлоқе, ки буд, қариб ки ҳеҷ чиз намондааст. Давлат дар алоҳидагӣ имкон дорад дар доираи сиёсати худ вобаста ба шароит нисбат ба дин ва оин муносибати дуруст роҳандозӣ намояд ва омилҳои хурофотиро аз байн барад. Вақте ки дин ва эътиқоди мардумро ба сиёсат олуда мекунанду ба майдони сиёсат мекашанд, мавқеи эътиқоду боварии мардум дуюмдараҷа мешавад. Мардумро ба муборизаҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои сиёсӣ даъват кардан ва боварии мардумро ба олудаҳои сиёсӣ омезиш додан- эътиқоди мардумро хароб мекунад ва афзалияти арзишҳои эътиқодиро дар назди мардум коста мегардонад».

Дар конфронс зикр гардид, ки дунявият мутамаддинтарин шакли давлатдорӣ, муносибтарин сохт ва муваффақтарин усули сиёсати давлат дар муносибат бо фазои динӣ ба шумор меравад.

Ба андешаи муовини сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исроил Баротов, «имрӯз дунявият агарчанде объекти баҳсҳои гуногуни доираҳои алоҳидаи илмӣ, марказҳои зеҳнӣ, мақомоти қудратӣ ва дигар ниҳодҳо қарор гирифта бошад ҳам, вале масъалаи муаррифии андешаҳои дунявият, ҷойгоҳи дин дар низоми давлати дунявӣ, мақому эътиқодоти динӣ дар низоми давлати дунявӣ ва таҳкиму густариши ин гуна андешаҳо дар шароити таҳкими давлатдории тоҷикон то андозае нокомил боқӣ монда, ҳолати мазкур боиси бардошти ғалат аз давлати дунявӣ ва андешаҳои дунявият гардидааст. Мутаассифона, аксари қишрҳои ҷомеа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои қишрҳои рӯшанфикр ва доираҳои огоҳ аз низоми арзишҳои дунявият бардошти ғалат доранд. Зеро замоне, ки сухан аз арзишҳои дунявӣ меравад, беихтиёр пеши назари доираҳои ноогоҳ динситезӣ, таассуб ва нафрату бадбинӣ нисбат ба дин меояд. Дарвоқеъ, асли дунявият ҳеҷ гоҳ моҳияти зиддидинӣ надошта, балки ҳамчун низоми таърихан озмудаи давлатдорӣ муносибтарин шакли танзими муносибатҳои дину давлат ва таъмини озодии эътиқод дар ҷомеа ба шумор меравад»,-иброз дошт И.Баротов.

Зикр шуд, ки давлати дунявӣ ҳеҷ гоҳ динро аз муҳити иҷтимоӣ берун насохта, балки дар муносибат ба дин ва эътиқодоти динӣ муносибати боэҳтиромона дорад. Давлат ҳеҷ гоҳ наметавонад нисбат ба дин, ки шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ ва яке аз унсурҳои муҳимтарини маънавиёту фарҳанги ҷомеа ва ҷаҳонбинии шаҳрвандонаш мебошад, бетафовуту беаҳамият бошад. Ба ин хотир дин ҳеҷ гоҳ дар чаҳорчӯбаи андешаҳои дунявият ҳамчун падидаи манфӣ мавриди арзёбӣ қарор намегирад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2022 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд