Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 май дар Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Владимир Макей баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Беларусро баррасӣ карда, перомуни масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Вазирон ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Беларусро, ки моҳи июни соли 2022 дар Минск дар назар аст, муҳокима намуданд.
Акс: ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо фаъолияти рӯзномаи «The Times Kuwait» шинос шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон дар доираи Барномаи АСИКУДА мавриди баррасӣ қарор дода шуд
Ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистон ва Кувайт дар арсаҳои гуногун баррасӣ гардид
Низоми бидуни раводид байни Тоҷикистон ва Эрон пурра ба татбиқ расид
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд






