Дар ноҳияи Ашт иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳониро аёдат намуданд

Май 6, 2022 09:11

ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ду нафар иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки кунун дар Ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт бо шукргузорӣ аз суботи комили  кишвар зиндагӣ доранд, дар арафаи Рӯзи Ғалаба- 9 май аёдат гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт хабар доданд.

Ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Қучқор Ҳоҷиматов (15.06.1926, деҳаи Саро)  ва Абдуқодир Холматов (02.05.1925, деҳаи Бободархон) кумаки яквақтаи Пешвои миллатро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолӣ Ҷамшед Шодихон, кумакпулии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро сардори Раёсати тандурустӣ Муҳиддин Ҳайруллозода ва кумакпулии яквақтаро Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода дар вазъияти тантанавӣ супориданд.

Дар вақти суҳбат меҳмонон заҳматҳои пайвастаи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва хизматҳои шоёни онҳоро дар майдони ҳарбу зарб ва муқовимати шадид алайҳи душманон ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таҳти ғамхории бевоситаи Сарвари давлат қарор дошта, пайваста баҳри фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои онҳо шароит ва имтиёзҳои дахлдор амалӣ карда мешаванд.

Зимни суҳбат Қӯчқор Ҳоҷиматов ва Абдуқодир Холматов бо шукргузорӣ аз оромиву ободии меҳан   даст ба дуо бардошта, таманнои онро намуданд, ки дар Ватани мо ҳамеша сулҳу субот побарҷо бошад.

АКС аз МИҲД н.Ашт

Май 6, 2022 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд