Дар Тоҷикистон беш аз 70 намуд хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи андоз дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудаанд
ДУШАНБЕ, 04.05.2022 / АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар Тоҷикистон барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон беш аз 70 намуди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудаанд. Ин нукта имрӯз аз ҷониби раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода зимни ҷаласа бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 4 май дар кишвар таҷлил мегардад, тазаккур дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Нусратулло Давлатзода зикр намуд, ки дар натиҷаи амалинамоии тадбирҳои тибқи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллӣ андешида мақомоти андоз дар маҷмўъ иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатиро барои давраҳои муайяншудаи ҳисоботӣ иҷро намуда, таъмини иҷрои сифатии нақшаҳо низ тайи солҳои охир нисбатан беҳтар гардидааст.
«Тадбирҳои андешида ҷиҳати беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, рақамикунонии соҳа, тақвият бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ имкон доданд, ки сарфи назар аз пасттар гардидани меъёрҳои андозҳои алоҳида тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, мутобиқи нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар 4 моҳи аввали соли равон дар маҷмўъ ба андозаи зиёда аз 103% иҷро гардида, ба буҷети давлатӣ нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда зиёда аз 154,8 млн. сомонӣ бештар маблағ ворид карда шавад», — илова кард ӯ.
Таъкид гардид, ки мақомоти андоз имрӯзҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият корҳои назаррас анҷом дода, аз ҷумла барои гузоштани заминаи боэътимод ба рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва ҳукумати электронӣ пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар айни замон барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон беш аз 70 намуди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудаанд.
Гуфта шуд, ки дар баробари дастовардҳо ҳанӯз ҳам дар самтҳои асосии фаъолияти мақомоти андоз, аз ҷумла такмили донишу малакаи касбии кормандон, кор бо кадрҳо ва ҷалби ҷавонони болаёқат ба соҳа, таъмини риояи қонунгузорӣ, пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорон ва корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қонунгузории андоз ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон мушкилоти алоҳида вуҷуд доранд ва кормандони соҳаро зарур аст ҷиҳати ҳалли онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






