Дар Тошканд электробус ва электротроллейбуси «Акиа Авесто»-и Тоҷикистон таваҷҷуҳи ширкатҳои хориҷиро ба худ ҷалб намуданд
ДУШАНБЕ, 05.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ» электробусу электротроллейбуси ширкати «Акиа Авесто»-и Тоҷикистон таваҷҷуҳи ширкатҳои хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Аз ҷумла ширкатҳои ӯзбекистонию қазоқистонӣ хостори ҳамкорӣ дар самти содироти ин навъи нақлиёти Тоҷикистон шуданд ва дар сурати ба мувофиқа расидан ин амали муҳим ояндаи наздик роҳандозӣ мегардад, иттилоъ дод таҳлилгар (маркетолог)-и ширкати «Акиа Авесто Суҳроб ШИРИНОВ зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, 26-28 апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ.Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 ширкати хориҷӣ ва ҳайатҳои тиҷоратӣ аз кишварҳои ИДМ, Фаронса, Италия, Нидерландия, Ҳиндустон, Ирландия ва Ҷопон ширкат варзиданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи бузург 28 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ муаррифӣ намуданд, ки ширкати «Акиа Авесто» аз ҳамин зумра буд. Ширкати мазкур дар ин намоишгоҳ электробус, троллейбус, электротроллейбус ва автобуси тариқи гази табиӣ ҳаракаткунандаи замонавии худро, ки зери тамғаи АКИА-ориё- Made in Tajikistan истеҳсол мешавад, ба намоиш гузошт.
Бояд гуфт истифодаи электромобилҳо на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар аст, балки аз лиҳози экологӣ низ хеле муфид мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки дар самти истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва арзон дар ҷаҳон мавқеи намоёнро ишғол мекунад.

Суҳроб Ширинов мегӯяд, ки автобусҳои итсеҳсолкардаи «Акиа Авесто»-и Тоҷикистон бо стандарти экологии Аврупоии эвро 5 ва эвро 6 истеҳсол мешаванд, ки яке аз маҳсулотҳои рақобатпазири ҷаҳонист.
Имрӯзҳо ширкат истеҳсоли автобусу троллейбусҳои 12, 9 ва 8-метраи дохилишаҳриро ба роҳ мондааст ва иқтидори истеҳсоли солонааш то 300 нақлиёт вобаста ба талаботи бозор мебошад.
«Автобусҳои ду ошёнаи ширкат, ки дар ду шакл болокушода ва болопӯшида истеҳсол мешаванд, имрӯзҳо дар пойтахти мамлакат ба хизматрасонӣ машғуланд ва таваҷҷуҳи меҳмонону сокинонро бештар ҷалб мекунад. Ҳамин ҷолиябиятро ширкатҳои хориҷӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ низ таъкид намуда, омодаи ҳамкориянд», — гуфт таҳлилгари ширкати «Акиа Авесто»-и Тоҷикистон.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ Ховар
АКС: АМИТ «Ховар/манбаъҳои боз








Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






