«ДЕҲАИ ГУЛЗОР». Ин марказ ва дигар ҳунармандон Тоҷикистонро дар Фестивали якуми байналмилалии гулдӯзӣ, заргарӣ ва зардӯзӣ муаррифӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 23.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21-25 майи соли 2022 дар шаҳри Бухоро аввалин Фестивали байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ ҷараён дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии итилоотии «Дунё»-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон.
Дар фестивал беш аз 200 меҳмони хориҷӣ аз 58 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 112 ҳунарманд, 9 меҳмони фахрӣ, 4 ходими олии давлатии хориҷӣ ширкат доранд.
Дар фестивал ҳайати Тоҷикистон, ки ба он намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоҳои заргар Дилмурод Шарифов, Малика Ҷӯраева, Кристина Илёс, зардӯзон Нарзӣ Қаландарова, Салима Каримова ва Наима Бобоева шомиланд, инчунин намояндагони маркази ҳунармандии «Деҳаи гулзор» ширкат доранд.
Дар доираи фестивал конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Дурнамои рушди анъанавии зардӯзӣ ва санъати заргарӣ» гузаронида мешавад, ки дар он иштироки 33 нафар олимони хориҷӣ аз 22 давлат ва 20 нафар олимони узбек дар назар аст. Ҳамчунин дар ҷараёни фестивал намоиши мӯд баргузор мешавад, ки дар он тарроҳи маъруфи тоҷик, барандаи чандинкаратаи озмунҳои байналмилалии мӯд, барандаи ҷоизаҳои давлатӣ ва ҷаҳонӣ Хуршед Сатторов Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.


Дар доираи фестивали мазкур якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла намоиши тантанавии иштирокчиёни фестивал, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандони ватаниву хориҷӣ, нишасти матбуотӣ оид ба натиҷагирии фестивал, ҳафтаи мӯди «Bukhara Fashion days», гузашти оммавӣ, намоиши лӯхтакбозон ва барномаҳои консертии дастаҳои фолклорӣ ва шуъбаҳои фарҳангии вилоятҳо, озмуни оши палав, дарсҳои маҳорати ҳунармандони маҳаллӣ ва хориҷӣ, муаррифии китобҳо, экскурсияҳо ба коргоҳҳои машҳури зардӯзӣ ва заргарии Бухоро намоиш дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки имсол аз ҷониби Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандон ба шаҳри Бухоро шаҳодатномаи мақоми Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандон супурда шуд. Унвони Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандон соли 2014 таъсис шуда, то кунун ба 30 шаҳри ҷаҳон ин унвон дода шудааст. Имрӯз дар Бухорои қадим навъҳои ҳунармандӣ рущд ёфта истодаанд. Хусусан, қолинбофии абрешимӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ, кандакорӣ аз чӯб. Ҳоло дар шаҳр 800 нафар ҳунармандон ва қариб панҷ ҳазор нафар шогирдон кор мекунанд.
Бояд гуфт, ки ғолибони озмунҳои дар доираи фестивал баргузоршуда бо диплом, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ ба маблағи зерин сарфароз гардонида мешаванд:
- «Беҳтарин ташкилоти зардӯзӣ» – 5 000 доллари ИМА;
- “Беҳтарин ташкилоти заргарӣ» — 5000 доллари ИМА;
- «Беҳтарин зардӯз» — 5 000 доллари ИМА;
- «Беҳтарин заргар» — 5 000 доллари ИМА;
- «Беҳтарин устои мактаби зардӯзӣ» — 3000 доллари ИМА;
- «Беҳтарин устои мактаби заргарӣ» — 3000 доллари ИМА;
- «Идомадиҳандаи сулолаи бостонии ҳунари зардӯзӣ» — 3000 доллари ИМА
- «Идомадиҳандаи сулолаи бостонии ҳунари заргарӣ» — 3000 доллари ИМА;
- «Зардӯзе, ки анъанаҳои бостониро барқарор кардааст» – 3000 доллар;
- «Заргаре, ки анъанаҳои бостониро барқарор кардааст» — 3000 доллари ИМА;
- «Ҷавонтарин зардӯзи моҳир» – 3000 доллари ИМА.
- «Ҷавонтарин заргари моҳир» — 3000 доллари ИМА.
АКС: АМИТ «Ховар»








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






