Фирӯз Мирзораҷабов дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Фирӯз Мирзораҷабов дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини юнонӣ-римӣ ба хотираи Жаксилик Ушкемпиров миёни ҷавонони то 20-сола, ки дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор шуд, сазовори медали нуқра гардид, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар мусобиқаи мазкур беш аз 300 варзишгар аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон, ҳамчунин варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Эрон ширкат карданд.
Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60кг дар даври аввал озод буд. Сипас ӯ дар се давр бар ҳарифонаш пирӯз шуд, вале дар финал аз варзишгари кишвари мизбон мағлуб гардида, бо медали нуқра сарфароз гашт.
Мавриди зикр аст, ки 4 варзишгари дигарим тоҷик Сиёвуш Ачилов (63кг), Шероз Очилов (72кг), Султон Саидзода (72кг) ва Русланҷони Рустамҷон (82кг) дар даврҳои муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хӯрданд.
Дар доираи мусобиқа курси омӯзишии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин (UWW) барои доварон баргузор шуд, ки дар он Фаррухрӯз Раҳмонов ва Ҷаҳонгир Аланазаров ширкат карданд ва баъд аз натиҷагирӣ, сазовори сертификати довари дараҷаи байналмилалӣ хоҳанд шуд.
АКС: КМО Тоҷикистон








«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард
«Регар-ТадАЗ» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъвати КФО-2026/27 роҳ ёфт
ҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2026. Дастаҳои «Равшан» – «Хуҷанд» ва «Эсхата» – «Сардор» ба даври нимниҳоии мусобиқа роҳ ёфтанд
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд
ВАРЗИШ — ПАЙКИ СУЛҲ, ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ. Ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ ва варзишию солимгардонӣ доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Шаҳритус аз рӯи 13 намуди варзиш машғулият гузаронида мешавад
10 АВГУСТ — РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Теъдоди иншооти соҳаи варзиш беш аз 9 маротиба афзоиш ёфтааст
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати расмии ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу соҳиби 9 медал гардид
Бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар семинари доварони элитаи КФО дар Тошканд иштирок намуданд
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар семинар барои комиссарони нави бозиҳои CAFA иштирок карданд






