Форуми саёҳативу тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон ба ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ тавсеа мебахшад

Май 6, 2022 11:38

ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Узбекистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба даҳгонаи кишварҳое шомил мешавад, ки сайёҳонаш бештар ба Тоҷикистон  ворид мешаванд. Ин нукта зимни Форуми саёҳативу тиҷоратии Тоҷикистон ва Узбекистон, ки имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз шуд, баён гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди  сайёҳии  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиш муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, роҳбарони ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳову табобатгоҳҳо ва аз ҷониби Узбекистон намояндагони Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ, инчунин ширкатҳои сайёҳии Узбекистон иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои муштараки Роҳбарони ҳарду давлат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити дуҷониба маҷрои тоза гирифта, имрӯз шарикии стратегӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сайёҳӣ рушду таҳким меёбад.

Дар заминаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд, гурӯҳи зиёди сайёҳони Тоҷикистон ба Узбекистон ва аз Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф меоранд.


Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, конфреренсияҳо, семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанию ширкатҳои сайёҳии Узбекистон нигаронида шудааст.

Тибқи созишномаи мусофирати мутақобила, шаҳрвандони ду давлати ҳамҷавор–Тоҷикистон ва Узбекистон ҳуқуқ доранд ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд.

Оғоз гардидани сафари бидуни раводид миёни Тоҷикистон ва Узбекистон занҷири самаранокеро ба вуҷуд меорад, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ байни ду кишвар, инчунин ба ҳамкории минтақавии сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни ташриф ба Тоҷикистон сайёҳони Узбекистон ба намудҳои сайёҳии табобатӣ-солимгардонӣ, экологӣ ва сайёҳии зиёратӣ бештар майлу рағбат доранд.


Ҳоло ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодаанд.

Дар Форум ҷонибҳо тариқи рӯнамо оид ба зарфияти сайёҳии ҳарду кишвар маълумот доданд. Изҳори умед карда шуд, ки истифодаи таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи сайёҳии Узбекистон ва Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории башардӯстона ҷиҳати таҳкими робитаҳои муштараки сайёҳию фарҳангӣ дар минтақаи  Осиёи Марказӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд.

Дар Форум бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Интизор меравад, ки барои меҳмонон- намояндагони ширкатҳои сайёҳии Узбекистон  инфо –тур ба мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии вилояти Суғд ташкил карда шавад.

 АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2022 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд