Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 май дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласа иштироки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия, инчунин иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Узбекистон ва муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон дар назар аст.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи ИДМ мубодилаи афкор сурат гирад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо вазири авқофи Кувайт мулоқот намуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд






