ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОМОДОЯҲО: Беш аз 95 дарсади кӯдакон дар Тоҷикистон бо кумаки табибон ё момодояҳо таваллуд мешаванд

Май 5, 2022 11:49

ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз иди касбии худро мутахассисоне ҷашн мегиранд, ки дар ибтидои пайдоиши ҳаёти нав қарор доранд. Маҳз момодояҳо аввалин шуда кӯдаки навзодро ба даст мегиранд ва дар лаҳзаи ҳаяҷонбахш, яъне модар шудани зан дар наздашон ҳастанд. Таҷлили Рӯзи байналмилалии момодояҳо дар конфронси Конфедератсияи байналмилалии момодояҳо дар соли 1987 дар Нидерландия пешниҳод шуда буд ва аз соли 1992 инҷониб мунтазам баргузор мешавад. Ҳоло ин рӯз дар зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Тавре директори Маркази миллии солимии репродуктивӣ Мунира Ғанизода (ДАР АКС) дар суҳбат ба хабарнигори «Ховар» гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар таваллудхонаҳо, беш аз 6 ҳазор момодоя ба занон ва навзодон ёрии аввалия ҳангоми таваллуд ва баъди таваллуд мерасонанд.

«Дар Тоҷикистон дар мавриди рушди ин соҳа, аз ҷумла таъмин намудани шаҳру ноҳияҳо бо мутахассисон, коҳиш додани фавти модару кӯдак кори зиёде ба анҷом расонида шудааст. Стратегия ва барномаҳои зарурӣ татбиқ ва санадҳои қонунгузорӣ қабул гардида, барои баланд бардоштани малака ва дониши момодояҳо чорабиниҳо гузаронида мешаванд. Бояд зикр намуд, ки кори дурусти дояҳои баландихтисос, ки аз малакаҳои асосии наҷотбахши ҳаёт огоҳанд, имкон медиҳад, ки марги модарон пешгирӣ карда шавад. Дар Тоҷикистон, ки аз се ду ҳиссаи аҳолии он дар деҳот умр ба сар мебаранд, дастрасии занон ба кӯмаки аввалии момодояҳо хеле муҳим аст. Мавриди тазаккур аст, ки солҳои охир мо тавонистем мизони фавти модаронро коҳиш диҳем», — иброз дошт роҳбари марказ.

Тибқи маълумоти Мунира Ғанизода, дар Тоҷикистон ҳангоми таваллуд кумаки ҳамаҷониба расонида шуда, зиёда аз 95% кӯдак бо ёрии табибон ё ҳамшираҳои шафқат таваллуд мешаванд. Аз соли 2012 дар кишвар ҳиссаи таваллудҳое, ки дар он кормандони соҳаи тиб иштирок мекунанд, аз 87 фоиз то 95 фоиз афзуд.

«Барои таваллуди бомуваффақ нигоҳубини пеш аз таваллуд аҳамияти калон дорад. Занони ҳомила кушиш мекунанд, ки саривақт хуҷҷатҳои тиббй гиранд, аз муоинаи зарурй сари вақт гузаранд. Хиссаи ёрии пеш аз таваллуд дар давоми даҳ соли охир аз 79 фоиз ба 95 фоиз, аз ҷумла дар қишлоқчойҳо афзудааст. Тавре таҷриба нишон медиҳад, сабаби бештари марги модарон дар Тоҷикистон хунравӣ аст. Тавассути тадбирҳои андешидаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таҳияи стандартҳои миллии нигоҳубини самараноки пеш аз таваллуд, фавти модаронро аз хунравии бармаҳал низ хеле коҳиш додааст. Имрўз тамоюли мусбат мушоҳида мешавад, яъне зиёда аз 90 фоизи занон дар муассисаҳои махсуси тиббӣ таваллуд мекунанд, дар ҳоле ки солҳои пешин суръати таваллуд дар хона хеле баланд буд. Ин маънои онро дорад, ки ба онҳо дар ҳама гуна вазъият, ҳатто вазнин, ёрии саривақтии тиббӣ расонида мешавад, ки ин фоизи таваллуди мусоидро афзоиш медиҳад», — шарҳ дод роҳбари марказ.

Тавре мутахассис гуфт, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар соҳаи солимии репродуктивӣ ва танзими оила, аз ҷумла такмили ихтисоси момодояҳо чорабиниҳо дар мавзӯъҳои «Кӯмаки самарабахши перинаталӣ», «Идоракунии мушкилоти нигоҳубини пеш аз таваллуд », «Ёрии таъҷилии акушерӣ» ва ғайра гузаронида мешавад.

Барои кори бомувофиқи момодояҳо кӯмаки моддию техникй ва бо асбобу анҷоми зарурии тиббй таъмин намудани онҳо нақши калидиро мебозад. Ҳалли мушкилот дар ин самт низ дар маркази таваҷҷӯҳи раҳбарияти кишвар қарор дорад. Хама сола дар саросари мамалкат бунгоҳҳои нави тиббию саломатй, нуқтаҳои тиббй ва таваллудхонаҳо сохта ба истифода дода мешаванд.

Елена БАТЕНКОВА,
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 5, 2022 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид