ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МЕТРОЛОГҲО. Баъд аз 25 сол Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» вобаста ба шароити замон таҳия шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 20 май Рӯзи умумиҷаҳонии метрологҳо таҷлил мешавад. Ин рӯз ба санаи ба имзо расонидани Созишномаи метрӣ рост меояд. Яъне, 20 майи соли 1875 дар Париж зимни баргузории конфронси байналмилалии дипломатӣ дар асоси ин созишнома Созмони байналмилалии байниҳукуматии воситаҳои ченак таъсис дода шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ин созмони байналмилалӣ буда, дар он иштироки фаъол дорад.
Метрология дар рушди иқтисоду тиҷорат ва саноат нақши муҳим дорад, зеро ҳар маҳсулоте, ки истеҳсол мешавад, бояд ба талаботу воситаҳои ченак мувофиқ ва ба талаботи регламентҳои техникӣ ва дигар стандартҳо ҷовобгӯ бошад.
Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон РАҲИМЗОДА изҳор дошт, ки «баъд аз 25 сол лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» дар шакли мукаммалу фарогир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таҳия карда шуда, баъди додани хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик лоиҳаи мазкур барои қабул ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад».
Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки «лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи метрология бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гардидааст».
Санадаи мазкур аз 6 боб ва 28 модда иборат буда, самти ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолиятро дар соҳаи таъмини ченаки ягона муайян намуда, ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва иқтисодиёти мамлакат равона гардидааст.
«Таҳлили муқаррароти Қонуни амалкунанда «Дар бораи таъмини ченаки ягона» аз 15 майи соли 1997 нишон дод, ки он на ҳамаи паҳлӯҳои соҳаро ба танзим дароварда, ба талаботи имрӯзаи стандартҳои байналмилалӣ ва нишондиҳандаҳои асосии таъмини ченаки ягона ҷавобгӯ мебошад. Аз ин рӯ, бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва таҷрибаи давлатҳое, ки дар соҳаи метрология ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд, таҳияи ин санад муҳиму мувофиқ мебошад»,- изҳор дошт Ҷӯрахон Раҳимзода.
Дар лоиҳаи қонун таҷрибаи нав дар соҳаи метрологияи муосир — андозагирии воситаи ченак, аттестатсияи воситаҳои ченкунӣ ва санҷиш, пайвастшавии метрологӣ, намунаҳои стандартии хосияти модда ба инобат гирифта шудаанд, ки яке аз омилҳои асосии эътирофи байналмилалии соҳа маҳз ба ин равандҳо вобастагӣ дорад.
Ба таъкиди ҳамсуҳбати мо, «қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои рушди низоми миллии таъмини ченаки ягона мувофиқ ба таҷрибаи байналмилалӣ, баланд бардоштани сатҳи илмию техникии маҳакҳои (эталонҳои) ибтидоии давлатии воҳиди бузургии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳакҳои дуюмдараҷа ва кории воҳидҳои бузургӣ мутобиқи талаботи иқтисоди кишвар, таъмини пайвастшавии метрологии маҳакҳои миллӣ ва ибтидоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҳакҳои байналмилалӣ ва миллии мамлакатҳои рушдкарда, ҷоннок намудани иштироки озмоишгоҳҳои метрологӣ дар муқоисаҳои байниозмоишгоҳии байналмилалӣ ва минтақавӣ, расидан ба эътирофи тарафайни маҳакҳои миллӣ ва сертификатҳои андозагирие, ки институтҳои миллии метрологӣ тавассути созишномаҳои дахлдор, аз ҷумла CIPM MRA (Мувофиқати эътирофи байниҳамдигарии ҳуҷҷатҳои метрологии институтҳои миллии метрологӣ) ба анҷом мерасонанд, мусоидат менамояд.
«Тибқи таҷрибаи дигар давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои аъзои ИДМ бо мақсади фарогирии пурраи соҳаи метрология ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур бо хориҷи кишвар ва эътирофи натиҷаи фаъолияти соҳаи зикргардида (ҳамоҳангсозии кумитаҳои миллии техникӣ бо кумитаи илмии техникии давлатҳои аъзои ИДМ, санҷиши муқоисавии андозагирии воситаҳои ченак) маҳз тавассути қонунгузории соҳа амалӣ карда мешавад»,- изҳор дошт сардори Раёсати таъминоти метрологии воситаҳои ченаки Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрахон Раҳимзода.
АКС: АМИТ «Ховар»/Агентии «Тоҷикстандарт»








Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд






