«МУБОДИЛАИ ЭЛЕКТРОНИИ ҲУҶҶАТҲО ДАР МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ». Аз рӯи ин барнома хизматчиёни давлатӣ такмили ихтисос мекунанд
ДУШАНБЕ, 04.05.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 6 май бо ҷалби хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» курси такмили ихтисос ҷараён мегирад, ки дар он 50 нафар хизматчиёни давлатӣ, бахусус онҳое, ки дар сатҳи ҷамоати шаҳраку деҳот дар маҳал фаъолият мекунанд, омӯзонида мешаванд.
Тавре муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, курсҳои мазкур дар асоси нақшаи ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2022 бо ҷалби хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ» гузаронида мешаванд.
Дар оғози курсҳои такмили ихтисос муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нодир Мирзоён ва ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амид Комилбек иштирок намуданд.
Зикр шуд, ки барномаи таълимии курси такмили ихтисос барномаи рӯзмарра буда, омӯзиш ва омодагии хизматчиёни давлатӣ дар шароити замони муосир вобаста ба тақвияти фаъолияти хизматӣ тариқи мубодилаи электронӣ дар низоми идоракунии давлатӣ бисёр муҳим мебошад.
Мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо дар мақомоти давлатӣ дар асоси талаботи меъёрӣ-ҳуқуқии “Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020», Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 ноябри соли 2003, Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008 ва Стратегияи ислоҳоти системаи идораи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2006 тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.
Афзалияти ҳукумати электронӣ зиёд буда, дар умум коргузории муосирро ба миён меорад. Ҳукумати кишвар ҳам гузаштан ба ин навъи фаъолияти муосири хизматрасониро пеш гирифтааст. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки дар марҳилаи имрӯза бо истифода аз усулҳои «Ҳукумати электронӣ» ҳарчи васеътар ҷорӣ намудани коргузорӣ ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад.
Ҳукумати электронӣ низоме мебошад, ки ҳамаи мақомоти давлатиро муттаҳид намуда, ба онҳо шароит фароҳам меорад, то бо истифода аз шабакаи компютерӣ гардиши ҳуҷҷатҳои электронии байниидоравиро таъмин созанд, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ хизматрасониҳои давлатӣ пешниҳод кунанд ва ё арзу шикоятҳои онҳоро баррасӣ намоянд.
Дар фарҷоми курси такмили ихтисос ба хизматчиёни давлатӣ гувоҳнома дода мешавад.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






