Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар тамоми самтҳо густариш меёбанд

Май 20, 2022 13:13

ДУШАНБЕ, 20.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати вилояти Суғд дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Туркия аз якчанд корхонаҳои саноатии шаҳри Қайсарӣ боздид карда, бо фаъолияти онҳо шинос гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзол шинос шуданд. Раиси вилоят аснои боздид таваҷҷуҳи соҳибкорони туркро ба соҳаи саноати вилояти Суғд ҷалб намуда, таъкид кард, ки захираву имконият барои коркарди пӯсту чарм ва ташкили корхонаи пойафзолбарорӣ дар вилояти Суғд мавҷуд аст. Ӯ аз таҷрибаи ҳамкории соҳибкорони тоҷик ва Федератсияи Русия ёдоварӣ кард, ки дар ҳамкорӣ дар шаҳри Исфара корхонаи истеҳсоли пойафзол бунёд карда, маҳсулоти онро содирот намуда истодаанд.

Аз соҳибкорони турк даъват карда шуд, ки бо сафари корӣ ба вилояти Суғд омада, бо вазъи соҳа бевосита шинос гарданд. Зеро доираҳои тиҷоратии ду тараф бо ҷалби сармоя ва воридсозии технологияи муосир метавонанд дар ин ҷода ба дастовардҳо ноил гарданд.

Ҳамзамон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар вилояти Қайсарии Туркия бо роҳбари Минтақаи саноатии Қайсарӣ Юнус Имомоғлу мулоқот кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкории мустақим миёни бахши хусусии ду тараф мубодилаи афкор намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба доираҳои соҳибкории вилояти Қайсарӣ роҷеъ ба имконоту зарфияти вилояти Суғд маълумот дода, аз тоҷирони ин вилоят даъват кард, ки ба вилояти Суғд оянд.

Юнус Имомоғлу меҳмононро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки талош мекунанд ҳамкориро бо назардошти манфиатҳои ҳарду тараф густариш диҳанд.

Ҷонибҳо ҳамзамон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, изҳори боварӣ намуданд, ки ин ҳуҷҷат ба тақвияти равобити иқтисодӣ замина мегузорад.

Инчунин 18 май дар шаҳри Қайсарии Ҷумҳурии Туркия Форуми тиҷоратии соҳибкорони Суғд ва Қайсарӣ баргузор гардид.

Дар кори форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов, раисони якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, масъулини Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд, Палатаи савдо ва саноати Қайсарӣ, соҳибкорони тоҷику турк иштирок намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Ахмедов вобаста ба вазъи соҳаи саноат, фазои мусоиди мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ, имконоти фароҳамшуда барои рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти корхонаҳои муштарак маълумот доданд.

Миёни соҳибкорони ду тараф мулоқоту музокироти озод низ сурат гирифта, ҷонибҳо роҷеъ ба имконоти якдигар мубодилаи афкор намуданд.

Дар шаҳри Қайсарии Ҷумҳурии Туркия Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раиси Палатаи савдои Қайсарӣ Умер Гулсой ва раиси Палатаи саноати Қайсарӣ Мехмет Буюксимитчӣ мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки сафари намояндагони вилояти Суғд ба Туркия барои таҳкими ҳамкорӣ замина гузошта, минбаъд барои беҳтар гардидани муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад.

Аз масъулини Палатаи савдо ва Палатаи саноати ин минтақа даъват карда шуд, ки дар вақти муносиб ба вилояти Суғд омада, бо шароиту имконоти мавҷуда ва фазои сармоягузорӣ шинос шаванд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 20, 2022 13:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид