ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
ДУШАНБЕ, 15.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад, иттилоъ доданд дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат шабона дар шарқи вилоят боришоти сусти барф пешгӯй шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа хунук, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад, шабона дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат пешгӯй мешавад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борида борони бошиддат пешгӯй мешавад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 25+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат пешгӯй шудааст. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 дараҷа гарм ва рӯзона 28+30 дараҷа гарм мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






