ПЕШГИРИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 05.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тайи ду рӯзи охир дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон борони пуршиддат борида, сабаби ба амал омадани сел гардид. Дар натиҷаи сел ҳодисаҳои дар баъзе ноҳияҳо вайрон гардидани як қисмати роҳҳои мошингард ва зери об мондани заминҳои наздиҳавлигии сокинон ба мушоҳида расиданд. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, то 6 май дар ҷумҳурӣ чунин ҳавои номусоид боқӣ мемонад ва боронҳои шадид хавфи омадани селҳои харобиоварро зиёд мекунанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ин рӯзҳо кормандони Кумита якҷо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар бо мақсади пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, ҳифзи соҳилҳо ва тоза кардани каналҳо дар қитъаҳои хавфноки обанборҳо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида истодаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳамчунин дар як қатор ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ якҷо бо Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ корҳои пешгирикунанда гузарониданд.
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд корҳои поксозии таҷҳизоти гидротехникӣ ва иншооти обгузар аз ҳар гуна партобҳо анҷом дода шуданд.
Ҳамчунин кормандони шуъбаи КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб як силсила корҳои таблиғотӣ миёни аҳолӣ ба роҳ монданд. Аз аҳолӣ даъват гардид, ки қабл аз оғози боронҳои пуршиддат чӯйбору селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу партовҳо тоза кунанд, то об маҷрои худро ба самти хонаву ҳавлиҳо ва киштзорон равона накунад.
Дар чунин рӯзҳои сербориш ҳангоми убур аз роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ҳамчунин муваққатан ба ғунучини ҳезуму ҷамъоварии занбӯруғ, моҳидорӣ ва шикор нараванд. Зеро дар чунин рӯзҳо дар роҳҳои кӯҳӣ хатари бештаре вуҷуд дошта, метавонад аз кӯҳҳо санг рехта, роҳҳоро муддате банд намояд, ё лағжиши тарма боиси хатарҳои дигар гардад.
Боронҳои шадид метавонанд сабабгори кӯчиши замин шаванд, бахусус дар минтақаҳои осебпазир одамонро зарур аст дар чунин рӯзҳо ҳушёру омодаи муқовимат ба ҳар гуна ҳодисаҳо, бахусус омадани сел бошанд. Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо низ эҳтимол дорад.
Ёдовар мешавем, ки чандин сол аст, ки маҳз дар ҳамин шабу рӯзи моҳи май бо омадани сел ба аҳолии мамлакат ва махсусан шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Темурмалиик ва дигар ноҳияҳои кӯҳистон зарари ҷонию молӣ расонида мешавад. Бинобар ин дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо таъсиси ситод то 10 май навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда мешавад.
Роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоят вазифадор гардиданд, ки обраву ҷӯйборҳои назди идораву муассисаҳояшонро тоза карда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил намоянд ва назорат дар ин самт пурзӯр карда шавад. Оид ба корҳои анҷомдода ба ситод маълумот пешниҳод намоянд.
АКС: КҲФ ва МГ








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






