«РАҚС МОРО МУТТАҲИД МЕНАМОЯД». Таҳти чунин унвон дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалӣ доир мегардад

Май 9, 2022 11:04

ДУШАНБЕ, 09.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 11 то 14 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Узбекистон баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.

Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» тибқи нақшаи чорабиниҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму густариши робитаҳои судманди фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари санъату ҳунари миллӣ доир мегардад.

Маросими ифтитоҳи Фестивал 11 май, соати 18.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор гардида, барномаи ҳунарии кишварҳои иштирокчӣ 12 май дар шаҳри Норак ва 13 май дар шаҳри Ҳисор идома меёбад.

АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ

Май 9, 2022 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад