ШАШМАҚОМ-ГАНҶИНАИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ. Дар Китобхонаи миллӣ маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид

Май 11, 2022 15:02

ДУШАНБЕ, 11.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шашмақом яке аз суннатҳои таърихии санъати овозхонии тоҷик мебошад, ки реша дар таърихи қадим дорад. Шашмақом ганҷинаи бебаҳои миллати мо буда, шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳар нафаре, ки ба ин шоҳасар рӯй меорад, дунёи пур аз маърифату маънӣ ба худ касб мекунад. Ин нуктаро имрӯз зимни баргузории маҳфили фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи шашмақом, ки ҳамасола 12 май таҷлил мешавад, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода изҳор намуд, иттилоъ дод хабарнигори «Ховар».

Зикр гардид, ки соли 2003 шашмақом ҳамчун шоҳкори мероси фарҳанги ғайримоддӣ ба Феҳристи шоҳасарҳои созмони байналмилалии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессор Аслиддин Низомӣ оид ба таъриху аҳамияти ин мусиқии мондагор гуфт, ки «шашмақом дар ҳама давру замон миллати моро муаррифӣ мекунад. Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли 2000 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рушди минбаъдаи санъати иҷрогарии шашмақом дар Тоҷикистон» ба имзо расид, ки дар дастгирӣ ва рушди ин санъат нақши муҳим гузошт. Ҳамин тадбири андешидаи Сарвари давлат ба шашмақом ҷони дигар бахшид ва ҳоло дар назди бахши фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дастаҳои мақомхонон фаъолият мекунанд».

Ба таъкиди мусиқишиноси тоҷик Аслиддин Низомӣ, шашмақом асосан санъати шифоҳӣ ба шумор рафта. маҳз аз ҳамин сабаб дорои нозукиҳои махсус аст ва тавассути фарзандони фарзонаи ин миллат дар қалбҳо ҳифз шуда, то имрӯз ба мерос расидааст. Аз ҷумла, зикр шуд, ки аввалин сарояндаи мақоми ушшоқ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд ва ин дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст.

Дар маҳфили фарҳангӣ як зумра мақомсароёни варзида бо сурудҳои худ хотири иширокчиёнро шод намуданд.

Мавриди ёдоварист, ки 12 майи соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастаи мақомхонони назди Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик мақоми давлатӣ ва номи устоди забардасти шашмақом Фазлиддин Шаҳобов дода шуд. Аз соли 2002 сар карда, ҳамасола дар саросари мамлакат Рӯзи шашмақом таҷлил мегардад.

Ин мусиқиро дар Тоҷикистон шашмақом, дар Озарбойҷон муған, дар Узбекистон мақом, дар Эрон дастгоҳ ва уйғурҳо муға ном мебаранд. Жанри мусиқии шашмақом дар Узбекистон ҳам мисли Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ иҷро карда мешавад.

Бо ташаббуси ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбекистон ин шоҳкории ниёгон ба феҳристи Юнеско пешниҳод гардида, 7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид — ЮНЕСКО шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгори маънавии инсоният эълон намуд.

Акс: КМТ

Май 11, 2022 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид