Сироҷидин Муҳриддин ва Ҷээнбек Кулубоев масъалаҳои марбут ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 май дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин бо Вазири тозатаъйини корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷээнбек Кулубоев доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар меидҳад.
Зимни вохӯрӣ мусоҳибон пойдории усулҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориро, ки асоси ҳамзистии осоиштаи мардумони тоҷику қирғиз мебошанд, зикр намуданд.
Гузашта аз ин, масъалаҳои марбут ба таъйини ҳудуд ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Дар ин замина аҳаммияти идома додани музокироти пай дар пай ва ҷустуҷӯи роҳҳалҳо мувофиқ ба манфиатҳои тарафайн таъкид гардид.
Ҷонибҳо инчунин тавофуқ карданд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои истифодаи иқтидори истифоданашуда дар соҳаи тиҷорату иқтисод чораҳои зарурӣ меандешанд.
Акс: ВКХ ҶТ









Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






