«Somon Air» дар масири Душанбе –Қазон ва Хуҷанд –Новосибирск парвозҳои мунтазамро барқарор менамояд

Май 27, 2022 14:00

ДУШАНБЕ, 28.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тасмим гирифтааст, ки шурӯъ аз моҳи июн парвозҳои мунтазамро дар  масири Душанбе-Қазон-Душанбе ва Хуҷанд-Новосибирск-Хуҷанд барқарор намояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.

Шурӯъ аз 9  июн парвозҳо ба самти Қазон ва Новосибирск ҳафтае як маротиба- рӯзҳои панҷшанбе сурат мегиранд. Вақти парвоз аз Душанбе ба Қазон 17:40, аз Қазон ба Душанбе — 21:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Парвозҳо аз Хуҷанд ба Новосибирск соати 20:30 ва дар самти баргашт шаби ҷумъа соати 03:00 амалӣ мегарданд. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.

Мусофирони ба Федератсияи Русия сафаркунанда, ба истиснои шаҳрвандони Русия бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соати пеш аз ворид шудан ба қаламрави  Русия дода шудааст, пешниҳод намоянд. Аз 15 марти соли 2022 вуруди мусофирон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  ба қаламрави Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия иҷозат дода шудааст. Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсияи пурра ва ё қисман мусофирон бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Май 27, 2022 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд