«Сомон Эйр» минбаъд дар масири Душанбе-Истанбул –Душанбе дар як ҳафта се парвоз анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 23.05.2022/АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 5 июн ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Душанбе ба Истанбул дар як ҳафта се маротиба: рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе парвоз анҷом медиҳад. Парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 иҷро карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ доданд.
Вақти парвоз аз Душанбе соати 06:10 ва нишаст дар фурудгоҳи Истанбул 09:35 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Дар самти баргашт парвоз аз Истанбул соати 10:45 сурат гирифта, дар Душанбе ҳавопаймои ширкат соати 17:45 ба вақти маҳаллӣ менишинад.
Мутобиқи талаботи мавҷуда, муҳлати амали шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вориди Туркия мешаванд, бояд на кам аз 150 рӯз бошад. Мусофирони аз Душанбе ба Истанбул сафардошта (аз 6-сола боло), аз ҷумла мусофирони транзитӣ тибқи талабот бояд шаҳодатномаи ваксинатсия (ба забони аглисӣ) ва ё маълумотномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ (бо забони англисӣ), ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба Туркия дода шудааст, пешниҳод намоянд.
Мусофирони аз Истанбул ба Душанбе сафаркунанда пеш аз парвоз бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба қаламрави Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






