ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 май, ҷумъа, 140-умин рӯзи соли 2022 аст
20 майи соли 2009 дар Москва шоми фарҳангии «Дӯстии халқҳо» баргузор гардид, ки дар он намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилоти ҷамъиятию байналмилалӣ иштирок карданд. Дар робита ба ҷашни 70-солагии «Дӯстии халқҳо» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба маҷаллаи адабию бадеӣ ва ҷамъиятию сиёстии «Дӯстии халқҳо» сухани табрикӣ намуданд.
***
11 сол пеш, 20 майи соли 2011 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман оид ба масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва ИМА гуфтугӯи судманд намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои дигар, ки барои иштирок ба ҳамоиши кишварҳои аъзои Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварда буданд, дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ иштирок намуданд.
20 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии метеорология.
***
Рӯзи байналмилалии травматолог.
***
Дар Украина – Рӯзи кормандони соҳаи бонкдорӣ.
РӮЙДОДҲО:
20 майи соли 2009 дар арафаи ҷашни 15-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи корхонаҳо оид ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази таълимии Идораи асосии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими кушодашавии Маркази азнавтайёркунии мутахассисон дар соҳаи назорати сарҳадӣ баргузор гардид.
***
6 сол пеш, 20 майи соли 2015 дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Кумитаи Шӯроҳои амнияти давлатҳои узви СААД баргузор гардид.
***
20 майи соли 2015 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарон ва намояндагони дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии аккредитатсияшуда, ки ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 омаданд ва дар он Дабири кулли СММ иштирок намуд, брифинг ташкил шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе веломарафон баргузор гардид.
***
94 сол муқаддам, 20 майи соли 1927 Британияи Кабир истиқлоли Арабистони Саудиро эътироф намуд.
***
20 майи соли 1972 дар Камерун раъйпурсӣ баргузор гардид ва ин мамлакат аз давлати федеративӣ ба унитарӣ табдил ёфт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2010 дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон қуръакашии давраи ниҳоии чемпионати Осиё миёни варзишгарони то 16-сола баргузор гардид. Дастаҳои Узбекистон, Урдун ва Индонезия рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон гардиданд.
***
Соли 1851 аввалин маротиба дар Канада тамғаи почта бароварда шуд.








БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд






