Тоҷиддин Ҷӯразода дар қароргоҳи СММ доир ба таъсири пандемияи COVID-19 ва тағйирёбии иқлим ба соҳаи сайёҳии Тоҷикистон сухан гуфт

Май 6, 2022 14:24

ДУШАНБЕ, 06.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода дар мубоҳисаи мавзӯии сатҳи баланд зери унвони «Дар маркази таваҷҷуҳ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсозии фарогир», ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико доир шуд, сухан гуфт.

Тавре дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Тоҷиддин Ҷӯразода оид ба таъсири пандемияи COVID-19 ва таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи сайёҳии кишвар маълумот дода, аз таҷрибаи Тоҷикистон дар мубориза бо ин чолишҳо ва тадбирҳои андешидаи кишвар ҷиҳати барқарор кардани соҳаи мазкур иттилоъ дод.

Мавриди зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ Президенти иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шаҳид, муовини якуми Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад, Дабири Кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили ва вазирони якчанд кишварҳои узви СММ баромад намуда, рушди соҳаи сайёҳиро барои татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва ҳалли чолишҳои кунунии ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2022 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид