Тоҷиддин Ҷӯразода ва Абдулло Шаҳид дар Ню-Йорк вазъ ва дурнамои рушди сайёҳии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Май 4, 2022 11:30

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷуразода ва Президенти иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шаҳид, ки дирӯз дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, масъалаҳои марбут ба рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон матраҳ гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, мулоқот дар доираи Мубоҳисаи мавзӯии сатҳи баланд, ки зери унвони «Дар маркази таваҷҷуҳ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсозии фарогир» дар Ню-Йорк доир шуд.

Мусоҳибон аҳамияти ин чорабиниро барои баррасии мушкилоти соҳаи сайёҳӣ дар пасманзари ҳамагирии КОВИД-19 ва дигар чолишҳои ҷаҳони имрӯза таъкид карда, барқарорсозии зудтари соҳаи сайёҳиро барои инкишофи кишварҳои дар ҳоли рушд амри зарурӣ хонданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Тоҷидин Ҷӯразода инчунин оид ба коркарди барномаҳои миллӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар ин самт маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2022 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд