«Узкимиёсаноат» ҳамкориро бо корхонаю ширкатҳои Тоҷикистон тавсеа мебахшад
ДУШАНБЕ, 13.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ миёни «Узкимиёсаноат» ва ширкатҳои Тоҷикистон дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси ҷамъияти саҳомии «Узкимиёсаноат»-и Узбекистон Ҷӯрабек Мирзомаҳмудов дар Тошканд баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» ба истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон омодагии худро ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд ва дар ин замина таъмини бозори Тоҷикистон бо нуриҳои минералӣ зикр намуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода миннатдории худро ба ҷамъияти саҳомии «Узкимиёсаноат» барои дастгирӣ ва таъмини корхонаҳои саноатии Тоҷикистон бо маҳсулоти кимиёвӣ баён намуд.
Хотиррасон мешавем, ки ширкати давлатии саҳҳомии «Узкимиёсаноат» аз чанд корхонаи саноати химиявӣ иборат мебошад, ки асосан нуриҳои минералӣ истеҳсол ва содирот менамоянд. Ширкат инчунин барномаҳои истеҳсолӣ, инноватсионӣ ва маркетингиро дар соҳаи сманоати химия таҳия ва амалӣ месозад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






