Вакилони Маҷлиси намояндагон бо коршиносони Комиссияи Венетсияи Шӯрои Аврупо мулоқот намуданд

Май 10, 2022 16:00

ДУШАНБЕ, 10.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода ва Толибхон Азимзода бо аъзои комиссияи Венетсияи Шӯрои Аврупо Владимир Варданян, собиқ раиси Суди конститутсионӣ ва вазири адлияи Гурҷистон, коршиноси Комиссияи Венетсияи Шӯрои Аврупо Гиоргий Папуашвили ва ҳамроҳони онҳо мулоқот намуданд, хабар медиҳад котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар”.

Вакилони Маҷлиси намояндагон иброз намуданд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, халқ ифодагари соҳибихтиёрӣ ва ягона сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ эълон шудааст.

Дар баробари инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ асосҳои конститутсионӣ мунтазам такмил дода мешуданд. Зарурати ворид намудани тағйироту иловаҳои минбаъда ба Конститутсия, пеш аз ҳама, ба танзими сиёсии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд вобаста буд.

Дар натиҷаи ислоҳоти солҳои 1999, 2003 ва 2016 дар Тоҷикистон марҳилаи навбатии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ сурат гирифта, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ эълон гардида, раъйпурсӣ ва интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун унсури системаи сиёсӣ эътироф карда шуданд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва маҳаллӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ҳуқуқи ҳар шахс ба муҳокимаи судӣ дар мақомоти салоҳиятдор эътироф карда шуданд.

Такмили Конститутсия имкон дод, ки таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлол ва пояҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеии шаҳрвандӣ, рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ сабаби баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардад.

Комиссияи Венетсия, ки соли 1990 аз ҷониби 18 кишвари узви Шӯрои Аврупо таъсис ёфтааст, дар қабули конститутсияҳои кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки ба меъёрҳои қонуни конститутсионии Аврупо мувофиқанд, нақши муҳим бозидааст.

Комиссияи Венетсия аз рӯзи таъсис дар соҳаи ҳуқуқи интихобот фаъолона кор мекунад. Давоми ду даҳсола Комиссия оид ба масъалаҳои интихобот, раъйпурсӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ хулосаҳо бароварда, ҳуҷҷатҳои умумӣ қабул кардааст.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Маҷлиси намояндагону комиссияи мазкур ва робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКС: МН МО ҶТ

Май 10, 2022 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид