«Ба қадри сулҳу оромии Тоҷикистон бирасем!»,- бардошт аз конференсия дар Кумитаи забон ва истилоҳот
ДУШАНБЕ, 26.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон ҳамчун омили ваҳдати миллӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар кумитаи мазкур.
Дар кори конференсия намояндагони вазорату идораҳо, донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода зикр намуд, ки замони навини эҳёи Тоҷикистон бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, зеро ин абармарди дунёи сиёсат пайваста дар бораи мустаҳкам гардидани аркони давлату бедории миллат саъйу талош менамоянд.
-Бисту панҷ сол пеш, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муттаҳид намудани неруҳои сиёсӣ ва таъмин кардани ризоияти ҷомеа тавонистанд, ки истиқлоли давлатии мамлакатамонро ҳифз кунанд ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро таъмин намоянд, — илова кард номбурда.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид бар он мекунанд, ки Ватани худро самимона дӯст дорем ва ба қадри сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагии он бирасем. Сарвари кишварамон ба ҳар як шаҳрванди мамлакат таъкид кардаанд, ки: «Ваҳдати миллии тоҷикон ганҷи бебаҳоест, ки бо ранҷу машаққати зиёд ва гузашта аз он, дар натиҷаи ҷонбозиву қурбониҳои ҳазорон нафар фарзандони фидоии миллат ба даст омадааст.
«Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикистони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем. Воқеан, ин бояд вазифаи ифтихории ҳар яки мо бошад ва ҳамеша ҷидду ҷаҳд намоем, ки барои ободии Ватан, шукуфоии имрӯзу фардои он, баҳри ҳифзи муқаддасоти миллат ҳиссагузор бошем», — гуфт Олимҷон Муҳаммадҷонзода.
Дар конференсия таъкид гардид, ки бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин санади сарнавиштсоз, арзиши сулҳу субот ва моҳияти ваҳдати миллиро ҳамчун неъмати бебаҳо, беш аз пеш, дарк ва қадр менамоем, барои пойдору устувор мондани он ҳамеша саъйу талош меварзем ва ҳар сол Рӯзи Ваҳдати миллиро бо ифтихору сарфарозӣ ва шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирем.
«Ваҳдати миллӣ асоси оромиву осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Дар шароити кунунӣ ваҳдати миллӣ дар заминаи таъмини оромӣ ва рушди ҷомеа ҳамчун омили муҳим аҳамияти нав пайдо карда, моҳияти иҷтимоиву сиёсии он кушода шуда, дар радифи истиқлоли давлатӣ, таъмини якпорчагӣ ва ҳифзи Ватани азиз, ягонагии забону фарҳанг, сулҳу субот ва ҳифзи иҷтимоии ҳар як аъзои ҷомеа густариш ёфта истодааст, ки арзиши муҳим мебошанд. Бигзор ваҳдати миллии халқи тоҷик ҳамеша пойдору устувор ва ҷовидона бошад!», — изҳор доштан баромадкунандагон.
Инчунин дар конференсия иштирокдорон дар мавзуъҳои «Нақши забони миллӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ», «Фалсафаи ваҳдат ва адабиёти миллии тоҷик», «Забони миллӣ-арзиши муҳими Истиқлоли давлатӣ», «Ваҳдати миллӣ ва рушди забони давлатӣ» ва ғайра маърузаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар анҷом, филми мустанади истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо номи «Ваҳдати миллӣ» ба ҳозирин намоиш дода шуд, ки он дар чорабинӣ муассиру хотирмон боқӣ мондаву таърихи ваҳдати моро инъикос менамояд.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд






