Баҳодур Шерализода: Тоҷикистон барои пешниҳоду баррасии масъалаҳои глобалии марбут ба обу экология дар ҷаҳон кишвари ташаббускор эътироф гардидааст
ДУШАНБЕ, 05.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар пешниҳоду баррасии масъалаҳои глобалӣ дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шудааст. Ин аст, ки пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба маркази баргузории ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист табдил ёфтааст. Чунин гуфт зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА дар Рӯзи байналмилалии муҳити зист- 5 июн, ки соли равон ба таҷлили ин сана 50 сол сипарӣ мегардад.
Мавсуф афзуд, ки имрӯзҳо намояндагони якчанд давлати дунё барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2028-2028» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки ин ҳама шаҳодати сиёсати башардӯстона ва табиатдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
«Боварии комил дорам, ки дар Конфронси дарпешистода ҳусни тафоҳум барои ҳамкории бештар дар соҳаи об боз ҳам тақвият ёфта, татбиқи минбаъдаи он ба тамоми мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон суботу шароити мусоиди экологӣ фароҳам меорад», -гуфт Баҳодур Шерализода.
Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист бо номи «Муроҷиатномаи Ментовӣ» аз ҷониби Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расида, соли 1971 бо мувофиқаи ходимони зиёди илму фарҳанги якчанд кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ карда шуд. Соли 1972 доир ба муайян гардидани 5 июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист қарори дахлдор қабул гардид.
Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бо омодагиҳои зиёд, тантанаҳои таблиғотию маърифатӣ ташкил гардида, ба ин васила мардум аз ҳолати муҳити атроф ва хатарҳои зиёновари экологӣ дар кишвари худ ва ҷаҳон огоҳӣ пайдо менамоянд ва баҳри бартараф намудани чунин мушкилиҳо талош меварзанд.
Ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим аз масъалаҳои аввалиндараҷаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, барои ҳалли онҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Вобаста ба ин, барои устувор гаштани заминаи ҳуқуқии соҳа, танзими фаъолияти ҳамаи самтҳои ҳифзи муҳити зист, қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи истифода ва ҳифзи олами ҳайвонот», «Дар бораи истифода ва ҳифзи олами наботот», «Дар бораи фаъолияти гидрометеорологӣ», «Дар бораи бехатарии биологӣ», «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», «Дар бораи мониторинги экологӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ва «Дар бораи экспертизаи экологӣ» қабул гардидаанд. Барои амалигардонии ин қонунҳо 27 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрӣ таҳия ва бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Ба андешаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назли Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, “масъалаи муҳиме, ки имрӯз моро ба ташвиш овардааст, ин паст будани маърифати экологии қисме аз шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон мебошад, ки нисбат ба ҳифз муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист бетарафӣ зоҳир менамоянд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдор баҳри амалӣ намудани қонунҳои ҷории соҳавӣ доир ба баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида истодаанд, вале вазъи мураккаби рушди бемайлони истеҳсолот ва ҷамъшавии зиёди партовҳо мушкилиҳои бисёреро эҷод мекунанд, ки таҳкиму устувории фаъолияти ҳамарӯзаи моро талаб менамояд”.
Татбиқи Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби Кумита дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, воситаҳои ахбори омма ва иштироки аҳолӣ барои гузаронидани чораҳои мушаххаси тарғиботию тарбиявӣ, аз ҷумла вохӯриҳо, маҳфилҳо, семинарҳо, озмунҳо байни хонандагон ва кормандони воситаҳои ахбори омма дар баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ, мавқеи шаҳрвандии аҳолӣ дар ҳифзи табиат натиҷаҳои хуб дода истодааст. Дар барномаи мазкур тамоми паҳлӯҳои зиндагӣ ва фаъолияти инсон, ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ вобаста ба рушди устувори экологӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Ба табиат оқилона муносибат кардан ва чун гавҳараки чашм муҳофизат намудани он вазифаи муқаддастарини ҳар фарди худогоҳу дурандеш аст. Барои ташаккули одоб ва маърифати экологии аҳолӣ лозим аст, ки тамоми роҳу усулҳои муҳими тарбиявиро ҷустуҷӯ карда, татбиқи амалии онҳоро дар таълиму тарбия самаранок истифода барем. Имрӯз дар тамоми мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, инчунин донишгоҳу донишкадаҳо фанҳои табиатшиносӣ, аз ҷумла ботаника, биология ва экология омӯхта мешаванд, ки ба ин восита насли наврас оид ба захираҳои обӣ, набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон огоҳӣ пайдо менамоянд.
Баҳодур Шерализода зикр кард, ки “бо иқдоми созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат маъракаи ҷумҳуриявии сабзазоркунӣ, гулзоркунии кӯчаю хиёбонҳо, бунёди гулгашту боғҳо чандин сол аст, ки идома дорад. Ҳамасола дар қаламрави кишвар миллионҳо бех дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва ороишӣ шинонида шуда, садҳо гектар боғҳои наву гулгаштҳо бунёд мегарданд, миллионҳо гулҳои гунонгун шаҳру диёрамонро оро медиҳанд. Имсол ба хотири иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар бораи ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти кишварамон- шаҳри Душанбе корҳои ниҳолшинониву сабзазоркунӣ вусъати нав пайдо карданд.
“Мо ба ояндаи дурахшони ҷавонони имрӯз ва кулли сокинони боварии комил дорем, ки онҳо пуштибону муҳофизатгари ёдгориҳои нодиру сарватҳои қиматбаҳои табиати кишвари худ мегарданд, баҳри наслҳои оянда табиатро ҳифз менамоянд, боигарию зебоии онро боз ҳам афзун менамоянд. Имрӯз ҳамкории Кумита бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ вусъати бештар пайдо намудааст. Аз ҷумла, ҳамкории судманд бо ташкилоти байналмилалӣ, ҷамъиятӣ, ризокорону фаъолон барои муҳокимаву ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зисту экология мусоидати фаъол менамоянд.
Мақсади ниҳоии мо ин аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии марказию маҳаллӣ, коллективҳои меҳнатӣ, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, мавқеи ҷамъиятӣ, ватанпарастию табиатдӯстии ҳар узви ҷомеаро фаъол намоем, то Ватани азизамон боз ҳам пешрафта, ободу зебо ва тозаву гуворо гардад”,-гуфт дар интиҳои суҳбат Баҳодур Шерализода.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»
P.S. Аҳли эҷоди АМИТ «Ховар» аз фурсати муносиб истифода намуда, тамоми кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Рӯзи байналмилалии муҳити зист табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва комёбӣ таманно менамоянд.