Бори аввал дар Тоҷикстон намоиши муд барои занони аз 60-сола боло доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар Тоҷикистон бори аввал намоиши муд барои занони аз 60-сола боло баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат.
Гуфта шуд, ки намоиши мазкур бо ташаббуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Либосҳои занона бо тарзи миллию аврупоӣ дӯхташуда, аз ҷониби донишҷӯёну тарроҳони ҷавони Донишкада манзури иштирокчиён гардонида шуд.
Дар намоиш занону бонувони сохторҳои гуногуни кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Барои фароғати иштирокчиёни чорабинӣ барномаи фарҳангӣ иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар иҷрои ҳунармандони маъруфу шинохтаи ҷумҳурӣ пешкаш гардид.
АКС: Вазорати фарҳанги ҶТ








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






