Дар Душанбе Бизнес-форум миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Кирови Федератсияи Русия баргузор мегардад

Июнь 9, 2022 14:14

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июни соли равон дар Меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе Бизнес форум ва вохӯрии дуҷониба (B2B) миёни соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Кирови Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  Бизнес форуми мазкур   аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «ЭКСКОН Групп»-  и Федератсияи Русия  гузаронида мешавад.

Зикр карда шуд, ки ҳайати тиҷоратии вилояти Кирови Федератсияи Русия, ки чор ширкату корхонаҳои миёна ва бонуфузро дар бар мегирад. Ҳайати мазкур бо мақсади дидан  ва аз наздик шинос шудан  бо  имкониятҳои соҳибкориву сармоягузории кишвар ва пайдо намудани шарикони тиҷоратии  худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд.

АКС: ПСС ҶТ

Июнь 9, 2022 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид