Дар Гулистон барои раисони ҷамоатҳои як зумра шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд курси такмили ихтисос доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 25 июн дар шаҳри Гулистон барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд курси сайёри такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Татбиқи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» баргузор шуд, дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи барномаи таълимӣ ба шунавандагон дар мавзӯъҳои муаррифии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асосҳои ҳуқуқии низоми идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», нақши Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар таҳкими низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи Қонун «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони коргузории мақомоти давлатӣ ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва ғайра машғулиятҳо гузаронида шуданд.
Дар қисмати ҷамъбаст ва супоридани гувоҳномаҳои хатми курси сайёр муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ Зоҳир Қодирзода ва муовини раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода иштирок намуданд.
Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Дилноза Аҳмадзода зикр намуд, ки фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, бахусус дар мақомотҳои худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси талаботҳои қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ ба роҳ монда шуда, тақвияти фаъолият ва таъмини татбиқи дурусти технологияҳои кадрӣ дар шароити замони муосир аз ҷониби масъулин дар сатҳи маҳал, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот муҳим мебошад.
Шунавандагони курси сайёри такмили ихтисос соҳиби Гувоҳнома гардиданд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






