Дар Кӯлоб «Лаъли Бадахшон»-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғро намоиш доданд

Июнь 10, 2022 11:51

ДУШАНБЕ, 10.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 июн дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 100-солагии Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ Меҳрубон Назаров намоишномаи «Лаъли Бадахшон»-и ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба тамошо гузошта шуд, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд. Дар ин бора мутахассиси пешбари бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб Шамсия Наврӯзова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Асарро драматург Ҷумъа Қуддус эҷод карда, коргардони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ Умед Хисрав онро ба саҳна гузоштааст.

Коргардони асар Умед Хисравов гуфт, ки «мавзӯи асосии намоиш- ин ба тамошобинон расонидани паёми некӣ, рафоқату бародарӣ, адолату асолати инсонӣ, дурӣ ҷустан аз фиребу найранг ва зиндагӣ кардан аз ҳисоби заҳмати ҳалол аст».

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода изҳор дошт, ки «боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки дар доираи таҷлили 25-солагии Ваҳдати миллӣ ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғи ВМКБ бо намоишномаи «Лаъли Бадахшон» ба Кӯлобшаҳр ташриф оварданд ва боварӣ дорем, ки дар оянда низ бо беҳтарин намоишномаҳо меҳмони мардуми шаҳри Кӯлоби бостонӣ хоҳанд шуд».

Боиси тазаккур аст, ки намоишномаи мазкур дар озмуни «Парасту» сазовори ҷоиза гардида, дар ҷашнвораи «Фаҷр» дар шаҳри Теҳрон низ ба намоиш дода шудааст.


Ногуфта намонад, ки ҳунармандони ҷавони театр бо як маҳорати хосса дар саҳна тӯли як соат баромад намуданд.

Мавзӯи намоишнома як воқеаи аҷибест, ки дар кӯҳистон ба вуқӯь омадааст ва аз урфу одату меҳмоннавозии онҳо ҳикоят мекунад. Намоиши «Лаъли Бадахшон» мардумро ба роҳи некиву накӯкорӣ, хайру сахо ва дӯстдории обу хоки ин сарзамин ва эҳтиром ба сарватҳои табиӣ даъват менамояд.

Ҳамаи ҳодисаву воқеоти асар гирди як сангпораи лаъл чарх мезананд. Як мусофир аз шаҳри дур бо амри занаш дар ҷустуҷӯи сангпораи лаъл худро ба Бадахшон мерасонад ва бо истифода аз найрангу фиреб онро ба даст меорад, аммо оқибат ин сангпора барояш дар зиндагӣ бадбахтиҳои зиёд ба бор меорад. Воқеан ҳам ҷилои санги оташини лаъл ва мусиқии мардумӣ ба намоишнома шукӯҳу шаҳомати тозае бахшид.

Дар анҷоми намоишномаи театрӣ ҳунармандони шаҳри Хоруғ миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагиашон ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишномаи мазкур изҳори сипос намуданд.

Акс: МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Июнь 10, 2022 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад