Дар Китобхонаи миллӣ даҳумин Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Таҳсилоти Русия-Тоҷикистон-2022» доир гашт

Июнь 11, 2022 11:14

ДУШАНБЕ, 11.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳумин Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Таҳсилоти Русия-Тоҷикистон-2022» дари худро барои ҷавонони тоҷик-довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия боз намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар Намоишгоҳ-ярмарка намояндагии 34 муассисаи таҳсилоти олии Федератсияи Русия — Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгород ба номи Н.А.Добролюбова, Донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи давлатии техникии Омск, Донишгоҳи давлатии Вятка, Донишгоҳи давлатии идоракунии системаҳои радио ва радиоэлектроника, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи давлатии Комсомолск-на-Амур, Донишгоҳи политехникии Москва, Донишгоҳи федералии Қазон, Филиали Муассисаи давлатии таҳсилоти олии федералии «МИРЭА — Донишгоҳи технологии Россия» дар Ставропол, Донишгоҳи давлатии технологияҳо ва дизайни Санкт-Петербург ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар иштирок карданд.

Қабл аз оғози Намоишгоҳ-ярмарка дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки ректорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарду кишвар мулоқот доир гардид, ки дар он муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Л. Абдулхолиқзода, Сафири Фавқулода ва мухтори ФР дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, муовини Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничиества»-и Федератсияи Русия П.А. Шведсов ва директори намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничества» дар Душанбе И.С. Иванов сухан гуфтанд.


Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов зикр кард, ки ҳамкории кишварҳо дар соҳаи маориф на танҳо ба тарбияи кадрҳои миллӣ нигаронида шудааст, балки барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар маҷмӯъ, муносибатҳои байни ҷавонони ду мамлакат ва имкониятҳои оянда равона гардидааст. Дар ҳоли ҳозир 31 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд ва муҳим ин аст, ки беш аз нисфи онҳо- 23 ҳазор ҷавони тоҷик мустақиман дар қаламрави Федератсияи Русия таҳсилкунанда, ба таври ройгон таҳсил доранд.

Муовини Вазири маориф ва илми мамлакат Лутфия Абдулхолиқзода аҳамияти намоишгоҳро на танҳо аз ҷиҳати ҷалби кадрҳо барои такмили минбаъдаи онҳо, балки барои ҳамкории байни донишгоҳҳо муҳим арзёбӣ кард.

«Дар ин намоишгоҳ аз Русия 34 донишгоҳ, 4 донишгоҳи Русия дар Тоҷикистон ва як донишгоҳ аз Белорус ширкат мекунанд. Ин намоишгоҳ ҷашнвора аст. Ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории чорабинии мазкур изҳори сипос менамоям», — гуфт муовини Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничиества»-и Федератсияи Русия П.А. Шведсов.


Гуфта шуд, ки ҳадаф аз ташкили чунин Намоишгоҳ-ярмарка фароҳам овардани имкон барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯён, довталабон ва хоҳишмандоне мебошад, ки мехоҳанд таҳсилро дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия идома диҳанд.

Сипас бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, довталабон ва волидайн мулоқоти намояндагони Вазорати маориф ва илм ва Маркази илм ва фарҳанги Россия «Россотрудничество» баргузор гардида, бо буридани лентаи рамзӣ иштирокдорон ба кори намоишгоҳ огоз бахшиданд.

Дар ҷараёни намоишгоҳ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Русия ба хоҳишмандон дар бораи шароити қабул, таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ, барномаҳои ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, шароити зист дар давраи таҳсил, истироҳат ва стипендияҳои муассисаҳо маълумот дода, ба суолҳои довталабон посухҳои мушаххас медоданд.

Ёдовар мешавем, ки даҳумин Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии «Таҳсилоти Русия-Тоҷикистон-2022» 13 июн дар «Қасри Ҷавонон» дар шаҳри Хуҷанд кори худро идома медиҳад, ки хонандагону донишҷӯён ва хоҳишмандон метавонанд дар он иштирок намоянд.

АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Июнь 11, 2022 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад