Дар ноҳияи Кӯшониён пули дарозиаш 85-метра ба истифода дода шуд

Июнь 28, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва омодагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён пули 85-метра ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур  хабар доданд.

Дар маросими ба истифода додани ин пул нафарони масъул ва сокинони ноҳия иштирок доштанд.

Пул бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.

Дар сохтмони пули мазкур беш аз 3 миллиону 78 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.

Пул бо дархости сокинони маҳаллӣ, ки бо мушкилиҳои роҳ рӯ ба рӯ мешуданд, сохта шуд.


АКС: МИҲД н. Кушониён

Июнь 28, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд