ДАСТОВАРДИ ШОИСТА! Хонандаи тоҷик Маҳлиёхон Авзалова соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 96 ҳазор доллари амрикоӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11-и МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд» Маҳлиёхон Авзалова дар озмунҳои Донишгоҳҳои Амрико ва Булғористон дар соли 2022 иштирок намуда, соҳиби гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 96 ҳазор доллари амрикоӣ ва имтиёзи таҳсили ройгон дар 3 Донишгоҳи бонуфузи кишвари Амрико, Булғористон ва Осиёи Марказиро ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Донишгоҳҳои бонуфузи Амрико, аз ҷумла Донишгоҳи Крейтен дар штати Небраска, Донишгоҳи Амрикоии Булғористон ва Донишгоҳи Амрикоии Осиёи Марказӣ бо ирсоли мактуби расмӣ эълони омодагии қабули хонандаи тоҷикро тариқи буҷавӣ (ройгон) намуда, изҳори умед кардаанд, ки ӯ ҳангоми интихоб донишгоҳҳои онҳоро қабул мекунад. Донишгоҳҳои мазкур ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи олам шомил шуда, 4 соли омӯзиш дар ин донишгоҳҳо наздик ба 100 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.
Маҳлиёхон Авзалова яке аз аз омилҳои ба ин муваффақияти комил расидани худро дар омӯхтани фанҳои таълимӣ бо забони англисӣ дар Литсей медонад. Вай мегӯяд, ки дар раванди иштирокаш дар озмунҳои мазкур ӯ дар давоми 2 моҳ «эссе» — ро бо забони англисӣ навишта, пешниҳод намуда, дар озмун иштирок кард ва ғолиб гардид.
Дар воқеъ омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ дастовардҳои худро дар иртибот ба таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати донистани забони англисӣ барои мутахассисони соҳаи мамлакат, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон медонанд.
Дар МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд омӯзиши фанҳои дақиқ бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда, ин амр имкон медиҳад, хонандагон бо баробари аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуда, шарафи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ шоиста муаррифӣ намоянд.
Мавриди зикр аст, ки танҳо дар соли хониши 2021-2022 шогирдони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар беш аз 15 олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Малайзия, Сингапур, Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир ва Фаронса иштирок намуда, соҳиби 493 медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардидаанд.
Айни ҳол 12 нафар хонандагони синфи 11-и ин муассисаи таълимӣ дар озмунҳои бурсияи донишгоҳҳои Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ғолиб омада, соҳиби беш аз 2,5 миллион доллари амрикои грантҳои омӯзишӣ дар беш аз 20 Донишгоҳҳои бонуфузи Амрикоӣ гардидаанд. Ин имкон медиҳад, ки хонандагони болаёқат тариқи буҷавӣ дар ин Донишгоҳҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ таҳсил намуда, аз навовариҳои пешрафтаи дунё бохабар бошанд ва баъди хатми донишгоҳ барои рушди кишвар саҳм гузоранд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд






